Сафари расмии Алекен Еминбахэ дар Тоҷикистон ба анҷом расид

Май 25, 2018 16:17

ДУШАНБЕ, 25.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд ба Ҷумҳурии Қазоқистон парвоз намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Алекен Еминбахэ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот  намуд.

Меҳмони олиқадр ҳамчунин аз Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маркази барқу гармдиҳии «Душанбе-2»,   майдони  «Дӯстӣ»,  Боғи Устод Рӯдакӣ,  Маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷойҳои зебоманзараи ноҳияи Варзоб дидан намуд.

Алекен Еминбахэ  пеш аз парвозаш дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки тайи даҳ соли охир ҳаҷми умумии муомилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин ба маротиб зиёд гардида, ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат ва кишоварзӣ  ҳамчун аз  самтҳои афзалиятнок тақвият ёфтаанд.

Номбурда  аз иштироки ширкатҳои чинӣ дар татбиқи барномаҳои инфрасохторӣ ва иртиботот, қабл аз ҳама,  роҳҳо, пулҳо, шабакаҳои об, хаттҳои интиқоли барқ ва васоили иттилоотӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

«Мо аз Тоҷикистон бо таассуроти рангин ба Чин бармегардем. Пазироӣ  ва меҳру муҳаббати самимии  мардуми шарифи Тоҷикистонро  дар ҳар лаҳза эҳсос менамудем. Орзуманди онем, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҳамин хел орому осуда бимонад!»,-гуфт дар анҷом  Алекен Еминбахэ.

Май 25, 2018 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад