Сарвари давлат: «Иттиҳоду сарҷамъии халқи Тоҷикистон моро аз таъсири манфии офату иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд»
ДУШАНБЕ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид карданд.
Сарвари давлат бо ишора ба таърихи башарият тазаккур доданд, ки танҳо давлат ва халқҳое умри нисбатан дарозтар дидаанд, ки онҳо аз имкониятҳои дар ихтиёр доштаашон пурра ва дурусту оқилона истифода карда, наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлолро тарбия намудаанд.
Дар иртибот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки то имрӯз дар ин самт корҳои зиёди сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавию тарбиявӣ ба анҷом расонида шудаанд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти худшиносии милливу динии мардуми мо мушкилоту камбудиҳо ҳанӯз хеле зиёданд. Ин норасоиҳо на бо суханони хушку холӣ, тарғиботи мавсимӣ ва ҳатто ифтихороти зоҳирӣ, балки танҳо тавассути тарбияи муназзами маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар фарди ҷомеа — аз оила то коргоҳ — бартараф карда мешаванд.
«Иттиҳоду сарҷамъии халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзу ояндаи он дар атрофи арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлат, на танҳо халқи моро аз таъсири манфии офату иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд, балки тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати воқеан бостонӣ ва соҳибмаърифату тамаддунсоз муаррифӣ мекунад», — афзуданд Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллӣ, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
«Ислоҳи вазъи маънавӣ ва иҷтимоие, ки бо сабру таҳаммул, хайру саховат, эҳтирому қадршиносии якдигар ва саодату оромии рӯҳ вобастагии бевосита дорад, танҳо дар як моҳи рамазон маҳдуд нашуда, дар ҳаёти мо бояд ҳамеша вуҷуд дошта бошад, — хотирнишон намуданд Пешвои миллат. — Зеро караму раҳмати Худованд беҳадду ҳамарӯз аст ва муъмин бояд аз он пайваста ғизо гирад».
Ҳамчунин дар идомаи суханронии худ Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муносибати дуруст бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар паҳнои манфиатҳои умумимидавлатӣ гарави таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад. Чунки яке аз воситаҳои муҳимтарини ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ рушди маънавӣ ва озодиҳои эътиқодии халқ аст, ки аз решаҳои таърихии афкори инсондӯстонаи ниёгон ва ҷаҳонбинии пешрафтаи башарӣ ғизо гирифта, истиқлолияти фикрӣ ва эътиқодиро таъмин менамояд.








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст






