«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». 18 май Осорхонаи миллии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мекунад

Май 16, 2018 10:09

ДУШАНБЕ, 16.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ва эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» иқдомоти байналмилалии «Шабе дар Осорхона»-ро 18 майи соли равон аз соати 18:00 то 22:00 баргузор менамояд.

Тавре аз Осорхонаи миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар рафти чорабинӣ барои меҳмонон аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо истифода аз либосҳои миллӣ намоиши мӯд ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумиро баргузор карда мешавад. Дар баробари ин, дигар чорабиниҳо низ баҳри фароғати тамошобинон дар назар дошта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, тамошобинон аз соати 18:00 то соати 22:00 бидуни харидорӣ намудани чипта, яъне ройгон аз экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатии «Шабе дар Осорхона» дидан менамоянд.

 

Май 16, 2018 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад