«Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ»-конфронси ҷумҳуриявӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ»- таҳти ин унвон дирӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»-и шаҳри Душанбе конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конфронси мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи USAID оид ба мубориза бар зиддии бемории сил дар ҶТ, Хазинаи кӯдакони СММ дар ҶТ ва дигарон иштирок ва сухан карданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи саломатии сокинон ва дар заминаи он муҳайё гардидани шароити мусоиди табобатӣ дар мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, вобаста ба мавҷуд будани имкониятҳои табобатӣ дар мамлакат маълумот дод.
Ёдовар мешавем, ки дар конфронси мазкур мавзӯъҳои ҷанбаҳои калидии «Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ», ҷараёни амалисозии дастур оид ба «Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ», нақши муассисаҳои КАТС дар доираи амалисозии дастур оид ба «Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ» ва ғайра баррасӣ шуданд.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






