«ШОДИИ ТОШКАНД». Кӯдакону наврасон ба Ҳамоиши VII байналмилалии тасвирҳои кӯдакона даъват мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кӯдакон ва наврасони аз 5 то 15-сола, ки истеъдоди мусаввирӣ доранд, барои иштирок ба Ҳамоиши VII байналмилалии тасвирҳои кӯдакон таҳти унвони «Шодии Тошканд» даъват карда мешаванд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд тасвирҳоро доир ба мавзӯъҳои «Олами кӯдакӣ», «Ватани ман», «Оламе, ки ман зиндагӣ мекунам», «Орзуи ман», «Ӯзбекистоне, ки ман мешиносам» аз 15 август то 20 ноябри соли 2018 ба кумитаи тадорукоти озмун ирсол намоянд.
Ба ҳамоиш асарҳое, ки иштирокчӣ бе кумаки калонсолон давоми соли 2017 офаридааст, қабул карда мешаванд.
Мақсад аз баргузории озмун тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, огаҳӣ ёфтан аз таъриху маданият ва анъанаҳои бойи дигар халқу миллатҳо, ҷалби кӯдакону наврасон ба эҷод ва тасвир намудани зебоиҳои диёр мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






