Шоири маъруфи Тоҷикистон Муъмин Қаноат аз олам даргузашт

Май 18, 2018 17:40

ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз шоири маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷанозаи марҳум Муъмин Қаноат пагоҳ, 19 май, соати 10:00 дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (суроға: ш. Душанбе, кӯч. Шодмонӣ, 58) баргузор мегардад.

Ҷасади шоир баъди ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супорида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Муъмин Қаноат 20 майи соли 1932  ба дунё омада, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. Нахустин маҷмӯаи ашъори Мӯъмин Қаноат соли 1960 бо номи «Шарора» ба табъ расида, соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кард.

Хотираи неки адиби забардасти Тоҷикистон Муъмин Қаноат дар ёду қалбҳои мардуми мо, ҳаводорони забон ва шеъри ноби  тоҷикӣ то абад боқӣ хоҳад монд.

 

Май 18, 2018 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд