Шоми имрӯз дар Душанбе ба истиқболи Рӯзи Шашмақом барномаи консертӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, 7 май соати 17:30 дар толори Театри давлатии академии опера ва балет ба номи С. Айнӣ ба истиқболи Рӯзи Шашмақом, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 12 май таҷлил мешавад, барномаи консертӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барномаи консертӣ, ки таҳти роҳбарии бадеии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов таҳия гардидааст, ҳунармандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Ҷумурии Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва Академияи мақом ҳунарнамоӣ мекунанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






