«Сиёсати ҷиноятӣ дар ҷодаи тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ». Конфронси байналмилалӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ
ДУШАНБЕ, 26.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 20-солагии мавриди амал қарор гирифтани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Сиёсати ҷиноятӣ дар ҷодаи тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ» баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар кори конфронс меҳмонон аз академияҳои ВКД Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, роҳбарият ва курсантони Академияи ВКД иштирок намуданд.
Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Файзалӣ Шарифзода конфронсро ифтитоҳ намуда, андешаҳояшро дар бораи 20 соли мавриди амал қарор гирифтани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт ва ба иштирокчиён барои ҳамкориҳои густурда ва иштироки фаъолашон дар конфронси сатҳи байналмилалӣ изҳори сипос намуд. Ӯ зикр намуд, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қабул ва татбиқ гардидани он иловаҳо ворид карда шуданд, ки сиёсати ҷиноятиро дар ҷумҳурӣ ба таври назаррас тағйир доданд. «Солҳои охир як қатор тамоюлҳо дар қонуни ҷиноятӣ ба вуҷуд омаданд, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ таъсир мерасонанд», — афзуд ӯ.
Дар идома сардори Институти таълимии баъдимактабии олии Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон Алиҷон Уметов зимни суханронии худ оид ба фаъолияти имрӯзаи Академияи ВКД Қазоқистон маълумоти муфассал дода, иброз намуд, ки омодаанд курсантонро аз тамоми давлатҳо ба омӯзиш фаро гиранд, аз ҷумла курсантони Академияи ВКД Тоҷикистон низ метавонанд пас аз хатм дар бахшҳои магистратураи ин муассисаи таълимӣ ҳуҷҷат супоранд.
Ҳамзамон, маърӯзаҳо дар мавзӯҳои «Нақши сохторҳои қонунбарор ва қонунгузории дохилӣ дар коркард, қабул ва тасдиқи меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сиёсати ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Раванди рушди қонунгузории мамлакат оид ба ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ равонагардида дар замони муосир» хонда шуданд.
Дар фарҷоми кори конфронс муҳокима ва суолу ҷавоб сурат гирифт.









Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






