Сокинони шаҳри Кӯлоб аз хизматрасонии тиббии ройгон бархӯрдор гардиданд

Май 8, 2018 12:15

ДУШАНБЕ, 08.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз  4 ҳазор  нафар сокинони шаҳри Кӯлоб аз муоинаву ташхиси тиббии ройгон гузаштанд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, корвони саломатии Вазорати тандурустии кишвар бо роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода дар якҷоягӣ бо устодони баландпояи соҳаи тиб, профессорону табибони пуртаҷриба, сардорони муассисаҳои тандурустӣ ва дигар шахсони масъул ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафарбар гардид.

Дар оғози ин чорабинии муҳими тиббӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки соҳаи тиб дар кишвар сол ба сол рушду такмил меёбад ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ мунтазам боло меравад.

Дар рафти чорабинӣ беш аз  4 ҳазор  нафар сокинони шаҳри Кӯлоб аз муоинаву ташхиси комилан ройгони тиббӣ гузаштанд. Аз ҷумла, 439 нафар аз ташхиси Вируси норасоии масунияти одам /ВНМО/, 511 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ ва 192 нафар аз ташхиси флюриографӣ гузаштанд. Инчунин 425 нафар кӯдакон хатна карда шуданд.

Ҳамзамон ба шахсони маъюб 11 адад аробачаи маъюбӣ, 53 адад асо ва 40 ҷуфт пойафзол тақдим гардид.

Илова бар ин, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ»   гиёҳҳои шифобахш ва нӯшобаҳои аз онҳо омодашударо миёни сокинон тақсим намуд.

Май 8, 2018 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд