Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо медали биринҷӣ ба даст овард

Май 21, 2018 16:52

ДУШАНБЕ, 21.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони  ҷавони   тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми  дзюдои Аврупо миёни ҷавонон, ки 19-20 май дар шаҳри Ла-Коруня Испания доир  гардид, медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин бора  аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни  73 киллограм  дар марҳилаи аввал нахуст бар варзишгари Чехия Адам Будзовский, баъдан бар варзишгари мизбон Ҷавиа Ортиз Кабелло дастболо шуда, аз намояндаи кишвари Исроил Дин Яааков Гемер шикаст хӯрд. Варзишгари тоҷик муборизаро барои ҷои сеюм идома дода, Эту Ҳейнонен (Финландия), Анреа Спикуглиа (Италия) ва Орон Гинер (Исроил)-ро шикаст дод. Дар Ҷоми дзюдои   Аврупо миёни ҷавонон 331 варзишгар (212 мард, 119 зан) аз 24 давлати дунё  ширкат  намуданд. Дар ҳисоби даставӣ Россия бо 8 медали тилло, 5 нуқра, 10 биринҷӣ ҷои аввалро гирифт.

Дастаи  мунтахаби   Ҷумҳурии Федеративии Германия  бо 3 медали тилло, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, дастаи мунтахаби Франсия бо 2 медали тилло ва  4 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд. Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар мақоми 12-ум қарор гирифт.

 

Май 21, 2018 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад