Суди ноҳияи Файзобод Нури Туркиамони Ромин Ороҷалиро бо гуноҳи мастӣ 15 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд

Май 31, 2018 09:48

Файзобод, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Суди ноҳияи Файзобод шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Нури Туркиамони Ромин Ороҷалиро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ бо ин модда ҷазои маъмурии ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда, баробар ба 15 ҳазор сомонӣ таъйин намуд. Суд ҳамчунин ҷавобгарро аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол маҳрум кард.  Дар ин бора муовини раиси Суди ноҳияи Файзобод Файзулло Мирзозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  дод.

Нури Туркиамони Ромин Ороҷалиро нозирони ШБДА ШВКД-и ноҳияи Файзобод  дар шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт, дар ҳудуди Ҷамоати доҳоти Меҳробод зимни дар ҳолати мастӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ идора намудани воситаи нақлиёташ дастгир намудаанд. Дар натиҷаи муоинаи тиббӣ маълум гардидааст, ки номбурда дар баробари шароб истеъмол кардан боз моддаҳои  нашъадор низ истифода  намудааст.

Файзулло Мирзозода  гуфт, ки пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сафи чунин қонуншиканиҳо кам гардидааст. Чунки дар қонун барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шудаанд. Аз ин рӯ қисми зиёди шаҳрвандон  имконияти пардохти 15 ҳазор сомонӣ надоранд ва намехоҳанд ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс шаванд.

Суди ноҳияи Файзобод соли равон бо моддаи 332 барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зиёда аз 11 парвандаро баррасӣ намудааст.

 

Май 31, 2018 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст