Суди олии иқтисодӣ: Баргузории мизи мудаввар дар ҳошияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028»
ДУШАНБЕ, 25.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, дар Душанбе бо ташаббуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба раванди амалисозии ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028» таҳти унвони «Таҷрибаи судии парвандаҳои иқтисодӣ доир ба масоили об» мизи мудаввар баргузор гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ин ҳамоиш иттилоъ дод, ки дар мизи мудаввар муовини якум ва муовинони раиси Суди Олии иқтисодӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об иштирок намуданд.
Зимни мизи мудаввар таъкид гардид, ки сол то сол дар сайёраи Замин ҳаҷми обҳои тоза коҳиш меёбад, бинобар ҳамин ҷиҳати пешгирӣ кардани ин хатари ҷиддӣ ҷомеаи ҷаҳониро мебояд оид ба истифодаи сарфакоронаи об ва ҳифзи захираҳои он маҷмӯи тадбирҳои заруриро таҳия ва амалӣ намояд. Дар ин маврид роҳбарияти олии Тоҷикистон мавқеи устувор дошта, бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-экологӣ ҳамеша дар сафи пеш қарор дорад.
Муовини аввали раиси Суди олии иқтисодӣ Абдуҷаббор Қодирзода, сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои об Тағоймурод Ғафурзода, судяи Суди Олии иқтисодӣ Нуриддини Нурулло, судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Толиб Давлатзода ва судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Фаррух Хоҷазода дар мавзӯи матраҳшуда маърӯза намуда, оид ба аҳамият ва ҷойгоҳи об дар рушди устувори иқтисодӣ ва истифодаи окилонаи он мулоҳизаҳои худро изҳор карданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






