«СУХАНЕ БА РОҲИ ОХИРИН». Чунин ном дорад номаи таслияти Вазири иттилооти Ҷумҳурии Беларус Алес Карлюкевич нисбат ба даргузашти устод Бозор Собир, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид
ДУШАНБЕ, 06.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба даргузашти шоири шаҳири тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ устод Бозор Собир имрӯзҳо аз номи ходимони давлатӣ, олимон ва шоирону нависандагони кишварҳои хориҷӣ ба унвони наздикону пайвандони марҳум, адибону олимон ва тамоми мардуми тоҷик номаҳои таслият ва сӯгворӣ мерасанд. Имрӯз АМИТ «Ховар» номаи таслияти Вазири иттилооти Ҷумҳурии Беларус Алес Карлюковичро дастрас намуд. Дар зер матни пурраи он оварда мешавад.
«Шоири тоҷик Бозор Собир, ҳаштодумин баҳори умри хешро надида, рахт аз ҷаҳон барбаст. Дили шоири бузургу тавоное аз задан бозмонд, ки рисолати адабию ҳаётии худро дар талқини ҳақиқат – интихоби дурусту озодонаи миллат дар роҳи бунёди давлати озоду мустақил медид.
Ӯ чун шоир ва хирадманд ба ҷаҳон бо чашми хирад назар андохта, сатрҳое иншо кард, ки дар дили ҳамватанонаш ҳисси хештаншиносиро бедор намуданд ва ба андешидан дар атрофи сарнавишти худу кишвари худ водор карданд. Ӯ дар роҳи зиндагӣ сари ҳар қадам эътиқоду андешаи ростинро талқин менамуд. Ӯ бо ҳамон ҳадафу ормоне роҳи зиндагию адабиётро мепаймуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи маргаш иброз намуд:
«Бозор Собир яке аз ватандӯсттарин шоироне буд, ки барои тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд». ..
Ҳамин тавр иттифоқ афтод, ки шоири бузург солҳои охири умр дар Амрико зиндагӣ кард. Аммо садои ӯ аз ҳамон ҷо низ ба гӯши ҳамватанонаш мерасид, онҳо мекӯшиданд, ки ба умқи маънии андешаву суханҳои шоиронаи шоир, ки ба Ватани азизаш равона шуда буд, роҳ ёбанду ӯро дарк кунанд. «Шоир бояд дар ҳама ҳолат шарики шодию ғами мардуми тоҷик бошад. Барои иҷрои рисолати худ ӯ бояд тарбиятдидаву фарҳангӣ ва мутамаддин бошад. Барои ин ҳама мушкилоти миллатро бояд дарку эҳсос карду дар эҷодиёти хеш инъикос намуд»,- мегуфт Бозор Собир ва худ низ аз рӯйи ҳамин гуфтаҳо мезисту эҷод мекард.
Бозор Собир ба назми Белорус таваҷҷуҳ дошт. Ҳанӯз соли 1965 (он вақт дар Тоҷикистон рӯзҳои адабиёти Беларус барпо мешуд) дар маҷмӯаи “Армуғони дӯстӣ” шеъри Артур Волский дар тарҷумаи ӯ нашр шуда буд. Ин шеър ба забони тоҷикӣ 30 марти соли 1965 дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” низ интишор ёфт. Бозор Собир ҳамчунин шеърҳои дорандаи ҷоизаи давлатии Белорус Сергей Граховский ва Шоири халқии Белорус Ригора Бородулинаро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Фикр мекунам, барои поси хотири шоири маъруфу шинохта маҷмӯаи тарҷумаҳои ӯ дар Беларус, ки он ҷо ба сухани баланди бадеӣ арҷ мегузоранду қадрашро хуб мешиносанд, нашр мешавад».
***
Хотиррасон менамоем, ки Алес Карлюкевич 6 январи соли 1964 дар деҳаи Загитов-Слободаи ноҳияи Пуховичи вилояти Минск ба дунё омадааст. Шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Лвов ва Академияи Президенти Ҷумҳурии Белорусро хатм кардааст.
Ӯ ба ҳайси журналист дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла рӯзномаҳои «Звезда» (1995-1998), «Красная смена» (1998-2002), «Советская Белоруссия» (2002-2006), ба сифати директори нашриёти «Литература и искусство»(2006-2011), сармуҳаррири рӯзномаи «Звезда» (2011-2016), муовини Вазири иттилоот (2016-2017) кор кардааст.
Соли 2017 бо Фармони Президенти ҶБ А. Лукашенко Вазири иттилооти ин кишвар таъин гардид.
Алес Николаевич дар бобати барқарору устувор намудани робитаҳои адабӣ, ташвиқу тарғиби адабиёти тоҷик дар кишвараш хизмати босазоеро анҷом додааст. Борҳо ба Тоҷикистон сафар карда, баъди бозгашт оид ба соҳаҳои гуногуни рӯзгори мардуми мо, вохӯриҳояш ба адибону олимон як силсила мақолаву очерку гузоришҳо навишта, пешкаши хонандагони белорус намудааст.
Профессори Донишкадаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Белорус, узви Раёсати Иттиҳодияи нависандаони Белорус, раиси Ҷамъияти дӯстии «Белорус-Тоҷикистон», аз соли 2010 узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Муаллифи беш аз 25 китоб аст. Бисёр асарҳои адибони рус, тоҷик, туркман ва дигаронро ба забони белорусӣ тарҷума ва чоп кардааст. Ҳамроҳи нависанда ва драматурги шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам китоби «Дӯстии халқҳо – дӯстии адабиётҳо»-ро навиштааст, ки дар Тоҷикистон ду бор интишор ёфтааст. Бисёр очеркҳояш, аз қабили «Тоҷикистонро ман чӣ сон дарёфтам», китобҳояш «Афсонаи бобои Алес» ва «Чӣ хел Светланаи якумхон фиреб хӯрд» дар тарҷумаи Истад Қосимзода ба забони тоҷикӣ ба табъ расидаанд.
Алес Карлюкевич раиси ҷамъияти “Беларус-Тоҷикистон” ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






