ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 13 май, якшанбе, 133-юмин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
13 майи соли 2015 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид.
***
2 сол пеш, 13 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ муҳокима гардиданд.
13 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Россия – Рӯзи хадамоти дидбонӣ-посбонии милитсия.
РӮЙДОДҲО:
13 майи соли 1940 Боғи ботаникии Помир ифтитоҳ гардид.
***
13 майи соли 2010 аввалин маротиба дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
***
8 сол қабл, 13 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия барои соли 2010 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.
***
13 майи соли 1939 дар Париж Конфронси байналмилалии ҳифзи сулҳ, демократия ва эътибори инсоният баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2016 дар ИМА куҳансолтарин зани сайёра аз олам даргузашт.
***
Соли 1927 дар Киев клуби футболи «Динамо Киев» ифтитоҳ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






