ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 17 май, панҷшанбе, 137-умин рӯзи соли 2018 аст

Май 17, 2018 08:02

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

17 майи соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо  Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон Ат-твайҷирӣ аз ҳамкории густурдаи ин созмон бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

17 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии алоқаи барқӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ.

РӮЙДОДҲО:

17 майи соли 2010 дар вохўрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Марокаш оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ хонум Латифа Ахарбаш масоили густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.

***

Дар ин рӯз, 17  майи соли 2010  вуруди  ҳайатҳои  иҷлосияи  37 – уми  Шӯрои   вазирони  корҳои  хориҷии  давлатҳои   аъзои Созмони  конфронси  исломӣ ба  пойтахти  Тоҷикистон  — шаҳри Душанбе шурӯъ  шуд.

***

17 майи соли 2010 дар  шаҳри Юрмалаи  Латвия  маҷлиси  52 –юми Шӯрои роҳбарони  муассисаҳои  нақлиёти  роҳи  оҳани  давлатҳои аъзои  ИДМ  ба  охир  расид.  Аз  Тоҷикистон  дар  маҷлиси  мазкур сардори Корхонаи воҳиди давлатии муассисаи роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов ва муовини аввали ӯ Владимир Собкалов ширкат варзиданд.

***

17 майи соли 2010 зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Албания Илир Мета доир ба мавҷудияти имконоти фарохи ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии ду кишвар гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

***

5 сол қабл, 17 майи соли 2013 музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Таиланд дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра сурат гирифт.

***

17 майи соли 2015 роҳбари Кумитаи иҷроияи шарқии иқтисодиёти Германия, профессор Райнер Линднер барои иштирок дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Германия, ки 18 майи ҳамон сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санк-Петербурги Россия сфар кард.

Май 17, 2018 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш