ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 20 май, якшанбе, 140-умин рӯзи соли 2018 аст

Май 20, 2018 08:49

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

20 майи соли 2009 дар Москва шоми фарҳангии «Дӯстии халқҳо» баргузор гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилоти ҷамъиятию байналмилалӣ иштирок карданд. Дар робита ба ҷашни 70-солагии «Дӯстии халқҳо» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба маҷаллаи адабию бадеӣ ва ҷамъиятию сиёстии «Дӯстии халқҳо» сухани табрикӣ намуданд.

***

7 сол пеш, 20 майи соли 2011 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман оид ба масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА гуфтугӯи судманд намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар, ки барои иштирок ба ҳамоиши кишварҳои аъзои Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварда буданд, дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ иштирок намуданд.

20 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи умумиҷаҳонии метрология.

***

Рӯзи байналмилалии травматолог.

***

Дар Украина – Рӯзи корманони  соҳаи бонкдорӣ.

 РӮЙДОДҲО:

20 майи соли 2009 дар арафаи ҷашни 15-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи корхонаҳо оид ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таълимии Идораи асосии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии Маркази азнавтайёркунии мутахассисон дар соҳаи назорати сарҳадӣ баргузор гардид.

***

3 сол пеш, 20 майи соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Кумитаи Шӯроҳои амнияти давлатҳои узви СААД баргузор гардид.

***

 20 майи соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарон ва намояндагони  дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии аккредитатсияшуда, ки ба шаҳри Душанбе барои иштирок  дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 омаданд ва дар он Дабири кулли СММ иштирок намуд, брифинг ташкил шуд.

***

Дар ин рӯзи соли  2017 дар шаҳри  Душанбе  веломарафон баргузор гардид.

***

20 майи соли 1927 Британияи Кабир истиқлолияти Арабистони Саудиро эътироф намуд.

***

20 майи соли 1972  — дар Камерун раъйпурсӣ баргузор гардид ва ин мамлакат аз давлати федеративӣ ба унитарӣ табдил ёфт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2010 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон қуръакашии давраи ниҳоии чемпионати Осиё миёни варзишгарони то 16-сола баргузор гардид.  Тимҳои Ӯзбекистон, Урдун ва Индонезия рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон гардиданд.

***

Соли 1851 аввлин маротиба дар Канада тамғаи почта бароварда шуд.

 

 

 

 

Май 20, 2018 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст