ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 май, чоршанбе, 143-юмин рӯзи соли 2018 аст

Май 23, 2018 08:01

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

23 майи соли  1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони мамлакат вохӯрӣ карда, онҳоро қувваи пешбарандаи  ҷомеа  номиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  Ҷумҳурии Беларус сафари расмӣ  карданд.

23 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи ҷавонон.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони Вазорати экология ва захираҳои табиӣ.

***

Дар Ямайка — Рӯзи меҳнат.

***

Дар Мексика – Рӯзи донишҷӯён.

 РӮЙДОДҲО:

23 майи соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Клуби вазирон-роҳбарони сохторҳои давлатии кор бо ҷавонони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

23 майи соли 2009 масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд баррасӣ шуданд.

***

 8 сол қабл, 23 майи соли 2010 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия қисмати панҷуми бозиҳои ҷаҳонии варзиши сабук баргузор гардид, ки  дар он намояндаи Тоҷикистон — Дилшод Назаров бо 29 сантиметр дуртар партофтани гурз  нисбат ба гурзандози латвиягӣ ҷойи якумро соҳиб шуд. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 77,38 сантиметр  партофт.

***

23 майи соли 1949 Конститутсияи Ҷумҳурии Федеративии Германия қабул гардид.

***

54 сол муқаддам, 23 майи соли 1963 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ бо нишони эҳтиром ба хизматҳои шоистаи Ташкилоти мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти қаҳрамононаи халқи Куба, саҳми арзанда гузоштан дар  роҳи расидан ба сулҳ ва сохти сотсиалистӣ, инчунин саҳм гузоштан дар мустаҳкамгардонӣ ва рушди дӯстии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Куба ба Фидел Кастро Рус мукофоти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ордени Ленин ва медали «Ситораи тиллоӣ» дода шуд.

***

23 майи соли 2003 шаҳри Москваи Федератсияи Россия номзади махсус барои гузаронидани бозиҳои олимпӣ шуд. Ин қарор дар вохӯрии олимпӣ барои дар катори дигар кишварҳо шомил намудани Москва ҳамчун номзади махсус дар овоздиҳии якмандатӣ қабул гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2005 дар шаҳри Маккаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аввалин маротиба бозиҳои дӯстонаи исломӣ баргузор гардиданд.

***

Соли 1930 аввалин нишони Ленин ба рӯзномаи «Комсомольская правда» дода шуд.

 

Май 23, 2018 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст