ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 май, душанбе, 148-умин рӯзи соли 2018 аст

Май 28, 2018 08:22

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

28 майи соли 2010 Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 қабул гардид.

***

5 сол қабл, 28 майи соли 2013 дар шаҳри Бишкек миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа  7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

28 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Тоҷикистон — Рӯзи сарҳадчиён.

 ***

Дар Эфиопия — Рӯзи суқути низоми ҳарбӣ.

***

Дар Озарбойҷон- Рӯзи ҷумҳурӣ.

  РӮЙДОДҲО:

28 майи соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро қабул кард.

***

28 майи соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои ташкил ва низоми нигаҳдории ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда»  тасдиқ гардид.

***

 9 сол қабл, 28 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистону Туркия 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

28 майи соли 2012 дар Минск ҷаласаи шӯрои роҳбарони Агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид.

***

4 сол пеш, 28 майи соли 2014 дар Баҳрайн Форуми истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистону Баҳрайн баргузор гардид.

***

28 майи соли 1993 Монако узви 182-юми СММ шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 Президенти вақти Туркия Абдулло Гул бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

***

Соли 1863 дар Бостон аввалин маротиба дар Америка полк ташкил карда шуд, ки он танҳо аз сарбозони сиёҳпӯст иборат буд.

Май 28, 2018 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст