ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 май, сешанбе, 149-умин рӯзи соли 2018 аст

Май 29, 2018 08:07

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

29 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба садамаи қатораҳои мусофиркашон, ки мӯҷиби талафоти бузурги ҷониву хисороти бузурги молӣ гашт, ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

6 сол пеш, 29 майи соли 2012 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» қабул гардид.

 29 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Доминикан —  Рӯзи модар.

***

 Рӯзи автомобилронони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия.

***

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.

 РӮЙДОДҲО:

29 майи соли 1992 муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барқарор карда шуданд.

***

9 сол қабл, 29 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии Гуфтугӯи минтақавии сиёсӣ байни сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо баргузор гардид.

***

29 майи соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» байни ҳам қувваозоӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1923 Иттифоқи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

***

29 майи соли 2002 Ассамблеяи генералии СММ қатънома қабул намуд, ки тибқи он имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳофарон ҷашн гирифта мешавад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1964 Никита Хрушов эълон намуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барои аксбардории ҳудуди ИМА аз спутник-ҷосус истифода мебарад.

             

 

Май 29, 2018 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст