«Талко Голд» дар ноҳияи Айнӣ корхонаи бузурги истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок бунёд мекунад
ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ояндаи наздик ҶСП «Талко Голд»-и Ҷумҳурии мардумии Чин, ки самти фаъолияти он ба соҳаи саноати куҳӣ нигаронида шудааст, дар ноҳияи Айнӣ корхонаи бузурги истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок бунёд мекунад.
Дар ин бора зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии ҶСП «Талко Голд» Ли Фэн иттиллоъ дода шуд.
Зикр гардид, ки амалишавии ин иқдом ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин гардидани хатмкунандагони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.
Бино ба маълумоти роҳбари ҶСП «Талко Голд», корҳои сохтмонии корхона дар ноҳияи Айнӣ рӯзҳои наздик оғоз меёбад. «Анҷоми корҳои сохтмонӣ то охири соли 2019 ба нақша гирифта шуда, аввали соли 2020 истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда мешавад»,-гуфт Ли Фэн.
Дар назар аст, ки дар корхонаи бунёдшаванда беш аз 1000 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






