Тоҷикистону Покистон дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ омодаи ҳамкориянд
ДУШАНБЕ, 30.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши ин кишвар генерал Зубайр Маҳмуд Ҳаят вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ Абдураҳмон Аламшозода иброз дошт, ки мардуми Покистону Тоҷикистон бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Покистон бо манбаи пуриқтидори шартномавӣ-ҳуқуқӣ мустаҳкам гардонида шуда, зиёда аз 50 санади муҳим ба имзо расонида шудаанд.
Зубайр Маҳмуд Ҳаят барои пазироии самимона изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки ҷониби Покистон ҷиҳати рушду нумӯъ ёфтани ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ манфиатдор буда, дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳамеша омода аст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили таҳким ёфтани ҳамкории тарафайн дар мубориза бо терроризму экстремизм, мубодилаи иттилоот ва дигар намуди ҷиноятҳои фаромиллӣ мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






