«Тоҷикстандарт»: дар тамоми бозорҳои ҷумҳурӣ тарозуҳои назоратӣ насб гардиданд

Май 25, 2018 15:28

ДУШАНБЕ, 25.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми растаҳои бозорҳои   ҷумҳурӣ, аз ҷумла,  дар шаҳри Душанбе аз 1 то 4 адад  тарозуҳои  аз санҷиши мутобиқати давлатӣ  гузаронидашуда насб  гардида, дар болои онҳо навиштаҷоти «Тарозуҳои назоратӣ» овезон шудааст. Минбаъд ҳар як харидор метавонад ҳангоми шубҳа пайдо намудан ба миқдори маҳсулоти  ғизоии харидааш аз ин воситаҳои ченак истифода барад.

Дар ин бора аз Агентии стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, чанде пеш бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон  тариқи истифодаи тарозу ҳангоми  харидории  маҳсулоти ғизоӣ   роҳбарияти Агентӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои  ченак дар бозорҳои шаҳри Душанбе мониторинг гузаронида, маълум намуданд, ки дар аксари онҳо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва стандарти  Ҷумҳурии Тоҷикистон СТ ҶТ 1066-2005,  «Хизматрасонӣ дар бозорҳо» ҷиҳати  дар ҷойҳои муайяни бозор гузоштани тарозуҳои назоратӣ риоя  намегардад.

«Барои  бартараф  намудани камбудии  мазкур ва ба тартиб даровардани   истифодабарии  тарозуҳои назоратӣ  дар  арафаи моҳи  шарифи Рамазон бо роҳбарону масъулони бозорҳо корҳои  фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа  масъалаи мазкур то ҳадди зарурӣ  ҳалли худро пайдо намуд»,- иттилоъ дод манбаъ.

Май 25, 2018 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад