Тоҷирони вилояти Суғд аз вилояти Хатлон боздид ба амал оварданд
БОХТАР, 07.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати соҳибкорони вилояти Суғд дар чорабинӣ – вохӯрӣ, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар баргузор гардида истодааст, ширкат доранд.
Тавре масъули чорабинӣ дар шаҳри Бохтар Зафар Ализода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин вохӯрӣ, ки бо иштироки масъулони соҳаи кишоварзӣ ва мутахассисони соҳаи боғу токпарварӣ мегузарад, 18 нафар соҳибкорони вилояти Суғд ва 80 нафар соҳибкорони вилояти Хатлон иштирок доранд. Тоҷирон дар рафти вохӯрӣ бо таҷрибаи якдигар аз наздик шинос мешаванд.
Ба иттилои З. Ализода, мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ ба роҳ мондани хариду фурӯш байни тоҷирони Суғду Хатлон ва табодули таҷриба миёни боғу токпарварони ду вилояти ҷумҳурӣ мебошад.









Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






