«ТУ БЕҲТАРИН!». Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иштирокчии даври нимниҳоии Озмуни байналмилалӣ Меҳрона Ғайбуллоеваро бо карнаю сурнай ва дафу дойра истиқбол намуданд

Май 13, 2018 17:06

ДУШАНБЕ, 13.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иштирокчии даври нимниҳоии Озмуни байналмилалии сарояндагони ҷавон «Ту беҳтарин!» («Ты супер!») Меҳрона Ғайбуллоеваро барои ҳунарнамоии сазовораш ба таври сазовор – бо садои карнаю сурнай ва дафу дойра истиқбол намуданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад.

Дар фурудгоҳи пойтахт Меҳронаро роҳбарияти Коллеҷи давлатии санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе, устодону ҳамсабақон, хешу ақрабо ва дӯстонаш пазироӣ намуданд. Сарояндаи ҷавону боистеъдоди тоҷик таҳти садои баланди карнаю сурнай ва дафу дойра аз фурудгоҳ беру номад.

Шиносону наздикон ва мухлисони овози Меҳрона ба ӯ  барои муваффақияти дар саҳнаи байналмилалӣ ба даст овардааш изҳори сипос намуданд: «Офарин, Меҳрона! Ту воқеан боғайрат будаӣ. Дар чунин  саҳнаи калон дар рӯи ба рӯи ҳунармандони машҳур ва теъдоди зиёди тамошобинон рост истода, бо маҳорати баланд суруд хондӣ. Мо ҳама, тамоми Тоҷикистон  ба ту мухлисӣ мекардем ва бовариамонро ба ҷо овардӣ. Ташаккур ба ту!..».

Дар навбати худ Меҳрона Ғайбуллоева ба  ҳозирон изҳори сипос намуд:  «Ман хеле шодам! Ташаккур барои ҳаводорӣ ва пазироиатон! Ҳамаи шуморо дӯст медорам! Боке нест, ки ба даври ниҳоӣ роҳ наёфтам. Бо ин зиндагӣ ба охир намерасад. Ман дар оянда ҳам овозхонӣ мекунам ва номи коллеҷ ва Тоҷикистони азизро баланд мебардорам!..».

Воқеан ҳам натиҷаи бадастовардаи Меҳронаро дар саҳнаи Озмуни байналмилалии  «Ту беҳтарин!» («Ты супер!»), ки аз ҷониби Агентии иттилоотии «Спутник» ва шабакаи телевизонии «НТВ»-и Россия роҳандозкарда шуд, муваффақият номидан мумкин аст, зеро роҳ ёфтан ба даври нимниҳоии чунин озмуни бонуфуз на ба ҳар касс даст медиҳад. Илова бар ин, дар озмуни «Ту беҳтарин!» 82 нафар сарояндагони ҷавон аз 13 кишвари олам ширкат намуданд ва ба намояндаи Тоҷикистон муяссар гардид, ки ба қатори чор нафари беҳтарин шомил шавад.

Хотиррасон менамоем, ки Меҳрона Ғайбуллоева дар курси якуми Коллеҷи давлатии санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов таҳсил менамояд. Ӯ аз кӯдакӣ ба овозхонӣ шавқ дошта, борҳо дар консерту барномаҳои шаҳрию ҷумҳуриявии кишварамон ҳунарнамоӣ намудааст. Иштироки ӯ  дар озмуни байналмилалӣ бори аввал  буд.

Май 13, 2018 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд