ҚУРБИ АСЪОР: имрӯз дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон 1 евро аз 10.5500 то 10.7000 сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 23.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 23 май қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.9827 сомонӣ, 1 евро = 10.6086 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1464 сомонӣ.
Имрӯз, 23 май қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.9900 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.5500 то 10.7000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1465 то 0.1470 сомонӣ муқаррар шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».








Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






