В. Воронков: «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе таваҷҷуҳи тамоми коршиносони минтақа ва ҷаҳонро ба худ ҷалб кард»

Май 4, 2018 21:02

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар интиҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, Дабири кулли САҲА Томас Гримингер, ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо дар масоили муқовимат бо терроризм Жиле Декершов, роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатии дар Тоҷикистон мустаққар ва ҳайати иштирокчиёни Конфронси мазкур нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Владимир Воронков изҳор кард, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» таваҷҷуҳи тамоми коршиносони минтақа ва ҷаҳонро ба худ ҷалб кард. Шаҳодати ин гуфтаҳо шумораи зиёди иштирокчиёни Конфронс ва ҳайати воломақом аз 48 кишвари ҷаҳон ва 31 ташкилоту созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ, ҳамчунин муҳтаво ва мундариҷаи мавзӯъҳои баррасишуда, мубоҳисаҳо ва муколамаву табодули афкори иштирокчиён мебошад.

Иштирокдорони Конфронси Душанбе зикр карданд, ки агарчӣ бо нобуд кардани гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» таъсири терроризм дар ҷаҳон ва минтақа нисбатан камтар шуда бошад ҳам, он то ба охир мағлуб нашудааст. Бинобар ҳамин зарур аст, ки ҷиҳати пурра несту нобуд кардани терроризм, на танҳо силоҳ ва неру истифода шавад, ҳамчунин дигар чораҳои таъсиррасон роҳандозӣ шаванд.
Дабири кулли САҲА Томас Гримингер гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо омода аст дар масъалаи муқовимат бар зидди терроризм ва пешгирӣ аз он ҳамеша дастгирии худро расонад.

Акрам САНГЗОДА,
Тоҳир САИД,
хабарнигорони АМИТ «Ховар»

 

 

Май 4, 2018 21:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад