Варзишгари навраси тоҷик Разавӣ Навбаҳоров дар Чемпионати Осиё оид ба самбо медали нуқраро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Разавӣ Навбаҳоров варзишгари навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба самбо сазовори медали нуқра шуд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
11-14 майи соли равон дар шаҳри Уланбатори Муғулистон чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон доир гашт, ки дар он ягона намояндаи Тоҷикистон Разавӣ Навбаҳоров дар вазни -70 кг миёни наврасон медали нуқра ба даст овард. Ӯ бар ҳарифонаш аз Чин ва Қирғизистон ғолиб омада, дар финал аз варзишгари Қазоқистон Жумадулло Онгалбаю шикаст хурд.
Бояд зикр кард, ки дар Чемпионати Осиё оид ба самбо дар ҳисоби даставӣ мунтахаби Қазоқистон ҷои аввал, мунтахаби Муғулистон ҷои дуюм ва мунтахаби Туркманистон ҷои сеюмро сазовор гаштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






