Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон меҳмони Академияи илмҳои Тоҷикистон гардид

Май 3, 2018 16:43

ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 2 майи соли 2018 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи Ҳиндустон бо иштироки Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар мавриди истифода қарор гирифт. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ гузориш медиҳад. 

Тавре директори Институт Ёрмаҳмад Ниёзӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, гӯша дорои адабиётҳои гуногуни инъикоскунандаи таъриху фарҳанги Ҳиндустон буда, бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардидааст. Бино ба маълумоти номбурда, дар оянда дар ин гӯша баргузории вохӯриҳо бо аҳли фарҳанги Ҳиндустон, ба роҳ мондани курсҳои омӯзиши забонҳои қадима, аз ҷумла санскрит, авестоӣ ва дигар забонҳо бо ҷалби мутахассисони ҳиндустонӣ дар назар дошта шудааст.

Ноиби президенти Академияи илмҳо Абдураҳмон Муҳаммад низ дар бораи муносибатҳо ва ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон ибрози андеша кард. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ба омӯхтани адабиёт, забон ва фарҳанги Ҳиндустон ҳанӯз дар асри гузашта ибтидо гузошта шуда буд. Аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ аз нахустин олиме буд, ки омӯзиши зиндагӣ ва осори намоёнтарин адибони Ҳиндустонро дар замони нав ба роҳ монд. Маҳз дар Академияи илмҳо дар солҳои шастуми асри гузашта аввалин шуъбаи омӯзиши забон ва адабиёти ҳиндӣ кушода шуд. Инчунин аз соли 1982 то имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи филологияи Ҳинд арзи вуҷуд дорад, ки садҳо мутахасисони забону адабиёти ҳиндиро тайёр кардааст.

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубошир Ҷовид Акбар дар навбати худ аз муносибатҳои дуҷонибаи дар самтҳои гуногун густаришёфтаи ҳарду ҷониб ёдовар шуда, иброз намуд: «Ҳамкории Ҳиндустону Тоҷикистон аз умқи таърих сарчашма мегирад ва он на танҳо дар соҳаи илму фарҳанг, балки дар тамоми соҳаҳо назаррас мебошанд. Ҷониби Ҳиндустон омода аст, ки дар соҳаи илм, фарҳанг ва омӯзиши забонҳо кумак ва мусоидат намояд. Ташкили ин гӯша барои таҳкими робитаҳои илмию фарҳангии мо ва омӯзиши забонҳо такони тоза мебахшад».

Ёдовар мешавем, ки Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар бо мақсади иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3-4 майи соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Май 3, 2018 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад