Венгрия ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти таъмини амнияти минтақа баланд арзёбӣ мекунад

Май 4, 2018 14:33

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Венгрия ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъмини амнияти минтақа баланд арзёбӣ карда, номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои аъзо шудан ба Шӯрои амнияти СММ дар соли 2028 дастгирӣ менамояд. Дар ин бора имрӯз Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сиярто баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди хабарнигорон иброз намуд.

Бино ба маълумоти Петер Сиярто, Венгрия дар айни замон сарҳадоти ҷанубии Иттиҳоди Аврупо, ки ҳазорҳо километтро ташкил медиҳад, ҳифз мекунад. Ба ҳамин хотир дар Венгрия он тадбирҳоеро, ки Тоҷикистон дар самти сарҳадаш бо Афғонистон меандешад ва ба роҳ мемонад, бисёр хуб мефаҳманд ва медонанд. «Ба ҳамин хотир мо ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти амнияти минтақа дастгирӣ мекунем ва кӯшиш мекунем, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҳифзи сарҳад ба Тоҷикистон кумакҳои худро зиёд намояд».

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ҳамчунин Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер, Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ, Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Баъд аз мулоқот дар ҳузури хабарнигорон ин намояндагони воломақоми созмонҳо ва давлатҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доир намудани ин ҳамоиши сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Аз ҷумла, Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков иброз намуд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи амнияти минтақа ва ҷаҳон, авзои сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳоро мавриди муҳокима қарор додаанд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ пайваста баҳри таҳкими муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, радикализм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мушкилоти глобалию таҳдидҳои ҷаҳон ташаббус нишон медиҳад.

Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер конференсияи мазкурро дар доираи омодагӣ  барои баргузории конференсияи дарпешистода, ки охирҳои моҳи июни соли равон дар Ню-Йорк ба нақша гирифта шудааст, марҳалаи муҳим номид. Номбурда зикр кард, Тоҷикистон барои  САҲА ҳамчун шарики боэътимод дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Ҳамзамон ин созмони ҷаҳонӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон,  таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он ва муқовимат бо коррупсия изҳор намуд.

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар дар навбати худ изҳор кард, ки дар ҷомеаи муосир терроризм ва экстремизм на танҳо ба давлатҳои алоҳида, балки ба тамоми минтақа таҳдид мекунад. «Мо бояд ҳамкории худро, махсусан дар самти амният густариш диҳем ва Ҳиндустон шарикии худро дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм иброз медорад»,- зикр намуд Мубашар Ҷовид Акбар.

Май 4, 2018 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд