300 нафар сарбозони навдаъватшуда Cавганди ҳарбӣ қабул карданд
ДУШАНБЕ, 02.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар маросими бошукӯҳи тантанавӣ бо баровардани байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ 300 нафар сарбозони даъвати баҳорӣ Савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини фармондеҳ, сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-майор Ҳикматулло Пиракзода, сардори Маркази таълимии «Пойтахт» полковник Абдулвоҳид Мирзозода, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин падару модарони сарбозон иштирок доштанд.
Зимни сухани табрикӣ генерал-майор Ҳ.Пиракзода гуфт, ки вазифаи аввалини ҳар як хизматчии ҳарбӣ садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ буда, мубориза бар зидди ҳама гуна ҷиноятҳо, аз ҷумла, сарҳадшиканӣ, терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо менамояд. Зеро ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ аз ҳар як фарди содиқ ва бонангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад.
Падару модарони сарбозон ба фарзандон, ки Савганди ҳарбӣ ёд карданд, хизмати софдилонаро дар ҳифзи марзу буми кишвар орзу намуда, зикр карданд, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад.
Пас аз маросими савгандёдкунӣ, сарбозон ва ҳайати шахсии Маркази таълимии «Пойтахт» бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд.
Сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-майор Пиракзода Ҳ. бо падару модарон ҳамсуҳбат шуда, ба онҳо миннатдорӣ баён намуда, гуфт, ки пас аз хизмат дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ фарзандонашон бо сари баланд ба назди онҳо бармегарданд.
Дар анҷом аз тарафи ансамбли ҳарбии «Марзбон»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба иштироккунандагон барномаи идона намоиш дода шуд.










СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






