42 нафар волидони наваскарон аз Бохтару Варзоб, Рӯдакиву Темурмалик, Турсунзодаву Ҳисор бо шароити хизмати фарзандонашон шинос шуданд

Июнь 2, 2018 09:41

ХУҶАНД, 02.06.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади шиносоӣ аз шароити буду боши фарзандон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ гурӯҳи калони волидайни сарбозон аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Варзоб, Рӯдакӣ, Темурмалик, Турсунзода, Ҳисор ва ҳамчунин Деваштичу Истаравшан аз қисми сарҳадии воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ боздид намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Мастчоҳ Мирзошариф Шарипов иттилоъ дод, зимни боздид аз қисми низомӣ, волидайни сарбозон тавассути суҳбату мулоқот бо ҳайати роҳбарикунандаи қисми ҳарбӣ ва сарбозон бевосита бо шароити хизмату истироҳати фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шинос шуданд.

Ҳамзамон дар ин рӯз чорабинии идона – савгандёдкунӣ доир гардида, 80 нафар наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуда, омодагии хешро барои адои хизмати Ватан баён доштанд.

Ба иттилои масъулин, роҳандозии ҳамин гуна тадбирҳо имкон медиҳад, ки сол аз сол теъдоди ихтиёриёни хизмат дар сафи артиш афзояд. Ҳамзамон волидон низ зимни дидорбинӣ фарзандони худро ба ватандӯстиву хештаншиносӣ даъват намуда, ба онҳо хизмати содиқонаю софдилона талқин месозанд.

Бояд тазаккур дод, ки сафарбарнамоии волидон аз як манотиқи кишвар ба минтақаҳои дигари мамлакат ва шиносоии онҳо бо шароити хизмати фарзандонашон ба ҳукми анъана даромада, он имкон медиҳад, ки волидон аз наздик бо фарзандони худ дидорбинӣ намоянд.

Июнь 2, 2018 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд