Намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ таъйин шуд

Июнь 12, 2018 13:03

ДУШАНБЕ, 12.06.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 9-10 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ таъйин шуд.

Ҷумъахон Ғиёсов, ки қаблан муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, аз 1 январи соли 2019 ба фаъолият оғоз мекунад. Ваколатҳои ӯ то 31 декабри соли 2021 давом хоҳанд кард.

Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ (СМЗТ) — мақомот (сохтор)-и доимоамалкунандаи СҲШ буда, қароргоҳаш дар шаҳри Тошканд мебошад. Вазифаҳои асосии сохтори мазкур-ҳамоҳангсозии талошҳои ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба мубориза бар зидди терроризм, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, ташаккули бонки маълумот дар бораи шахсони алоҳида ва созмонҳое, ки ба ҷинояткорон кумак мекунанд, мусоидат дар тайёр кардан ва гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар чорабиниҳо оид ба мубориза бо зуҳуроти мазкур, нигоҳ доштани робита бо ташкилотҳои байналмилалии зиддитеррористӣ маҳсуб меёбанд. СМЗТ аз Шӯро ва Кумитаи иҷроия (мақомоти доимоамалкунанда) иборат мебошад. Шӯро, ки ба ҳайати он роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Созмон шомиланд, мақомоти роҳбарикунанда буда, қарорҳо қабул мекунад. Раиси Кумитаи иҷроияи СМЗТ аз ҷониби Шӯрои сарони давлатҳо таъйин карда мешавад.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Чиндао Дабири кулли нави СҲШ низ таъйин карда шуд, ки ӯ собиқ вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов мебошад. Дар ин вазифа ӯ намояндаи Тоҷикистон Рашид Олимовро иваз хоҳад кард.

Ҳоло Владимир Норов директори Донишкадаи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 9-10 июни соли равон дар шаҳри Чиндаои ҶМЧ ҷаласаи 18-уми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, Президенти Федератсияи Россия Bладимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.

Ҷаласаро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин раисӣ намуд.

Дар ҷаласа Дабири кулли СҲШ Рашид Олимов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Евгений Сисоев низ ширкат доштанд.

 

Июнь 12, 2018 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад