Агентии омор соли оянда аз шакли коғазӣ пурра ба шакли электронӣ мегузарад-натиҷагирӣ аз татбиқи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор»

Июнь 26, 2018 15:25

ДУШАНБЕ, 26.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи  «Стратегияи миллии  рушди омор» /ЕКАСТАТ/ 26 июн дар дастгоҳи марказии Агентии омори  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баргузории ҳамоиш бо ҳузури кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва  шарикони рушд натиҷагирӣ гардид.

Ҳангоми муаррифии татбиқи лоиҳаи  мазкур директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулнора Ҳасанзода зикр кард, ки лоиҳаи  «Стратегияи миллии  рушди омор» аз моҳи майи соли 2015  то моҳи июни соли 2018 дар саросари  кишвар  бо мусоидати молиявии Бонки ҷаҳонӣ  ва  дастгирии шарикони рушд, назири  ширкатҳои  «DevStat» (Испания), «ODW Consulting», «UDA Consulting», «CAI  Consulting»  амалӣ карда шуд. Дар доираи лоиҳаи «Стратегияи миллии  рушди омор»  иҷрои корҳо дар самти мукаммал намудани низоми миллии  омор, гузариш ба ҳисоботи электронӣ, таъмини таҷҳизоти наву муосир барои нигоҳдории маълумоти оморӣ  ва ҳисоботи электронӣ  ба анҷом расонида  шуд.

Таъкид  гардид,  ки лоиҳаи мазкур ба самти тақвияти низоми миллии омор равона гардида, он дар дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   мақомоти маҳаллии омор амалӣ карда шуд.

Дар доираи  татбиқи  лоиҳаи  зикршуда  панҷ тадқиқоти интихобии якдафъаина, ки бевосита дар чаҳорчӯби онҳо як зумра   индикаторҳои оморӣ, ки  то ин дам мақомоти омор ҷамъоварӣ карда наметавонист, гузаронида шуд.

Ҳамзамон  дар ҳамоиш  лоиҳаи «Стратегияи   миллии рушди омор  барои солҳои  2018 -2022» баррасӣ гардид.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати  ҷамъбасти таҳлили иқтисодӣ  ва робитаҳои байналмилалии  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Қосимов гуфт, лоиҳаи нав,  ки дар доираи татбиқи лоиҳаи  «Стратегияи миллии  рушди омор» таҳия карда шудааст,   фарогири масъалаҳои марбут ба  гузариш ба ҳукумати электронӣ,  вобаста ба пайгирии нишондиҳандаҳои ҳадафҳои рушди устувор мебошад. Лоиҳаи «Стратегияи   миллии рушди омор  барои солҳои  2018 -2022», ки дар ҳамкорӣ бо коршиносони миллӣ ва  байналмилалӣ таҳия  гардидааст,  алҳол  дар сатҳи  мувофиқанамоӣ бо вазорату идораҳои марбутаи кишвар қарор дошта, бо дарёфти шарикони рушд лоиҳаи мазкур   амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон  бо дахли нақши мақомоти омори кишвар дар  рушди  ҳукумати электронӣ  Хуршед Қосимов зикр кард, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истифода аз имконоти мавҷуда дар густариши ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ нақши муассир мегузорад.

Мавсуф афзуд, ки алҳол аз ҷониби  мақомоти омори Тоҷикистон 334 шакли ҳисоботи оморӣ ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар ин росто,  ҷиҳати  гузариш ба ҳукумати электронӣ мақомоти омор барои кам ё паст кардани сарбории ҳисоботсупорандагон гузариш ба ҳисоботи электрониро пешаи худ кардааст. Дар ин самт 17 шакли ҳисоботи оморӣ тариқи электронӣ қабул карда мешаванд.

«Дар нақша аст, ки соли равон беш аз 8 шакли ҳисоботи дигар  роҳандозӣ шуда, соли оянда аз шакли коғазӣ пурра ба шакли электронӣ гузарем. Бо ин амал ҳисоботсупорандагон имкон доранд бо истифода аз дастгоҳҳои муосир ҳисоботи омориро тариқи электронӣ пешниҳоди  мақомоти омор созанд, ки ин дар самти рушди ҳукумати электронӣ дар мамлакат қадами муассир мегардад»,- афзуд сардори Раёсати Агентии  омори кишвар.

 

Июнь 26, 2018 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад