Ҳайати Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз мавзеи туристии Варзоб дидан карданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон ҳайати меҳмонон аз Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пас аз шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ноҳияи Варзоб сафар карданд.
Зимни боздид аз ин минтақаи туристӣ меҳмонон аз дидани манзараҳои зебову биҳиштосо, дарёча ва шаршараҳои софи кӯҳӣ ба ваҷд омада, аз табиати сабзу насими ҷонбахши ин минтақаи дилрабои Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати меҳмонон аз Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон субҳи имрӯз вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Худи ҳамин рӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






