Академик Раҳим Масов дар синни 79 аз олам даргузашт

Июнь 21, 2018 15:03

ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Раҳим Масов дар синни 79 аз олам даргузашт.

Тавре аз Академияи илмҳои Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раҳим Масов субҳи имрӯз бар асари бемории сактаи мағз дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе бистарӣ гардида, пас аз чанд соат аз дунё даргузашт.

Ба иттилои ҳамкасбонаш, вазъи саломатии Раҳим Масов хуб буд ва ӯ то рӯзи душанбе, 18 июн ба кор мебаромад. «Ду рӯзи охир вазъи саломатии Академик вазнин шуда, ӯ ба кор набаромад»,- гуфтанд ҳамкасбони ӯ.

Раҳим Масов 16 ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарв Рованди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.

Соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихшинос хатм карда, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон ба кор оғоз намуд.

Солҳои 1988 то 2015 Раҳим Масов роҳбарии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Академик Раҳим Масов муаллифи зиёда аз 500 асари илмӣ–оммавӣ ва 14 монография мебошад.

Дар баробари шарафёб шудан ба мукофотҳои  ватанию байналмилалӣ 16 ноябри соли 2009 академик Раҳим Масов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 1» сарфароз гардонда шуд.

Июнь 21, 2018 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад