Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» роҳпаймоӣ доир менамояд

Июнь 25, 2018 17:26

ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» дар ҳамкорӣ бо Созмони  занони маъюб «Иштирок», «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон», Ассотсиатсияи волидони кӯдакони маъюб ва ТҶ «Пешравӣ» бо дастгирии молиявии фонди «Абилиси» – и Финландия ба нақша гирифтааст, ки  пагоҳ, 26 июн ба муносибати ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон роҳпаймоӣ баргузор намоянд. Мавриди зикр аст, ки 22 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню–Йорк барои ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузоштанд.

Тавре раиси Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» Фирӯз Ҳамроев хабар дод, мақсади роҳпаймоӣ баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ дар бораи Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон мебошад.

Дар роҳпаймоӣ беш аз 150 нафар шахсони маъюб, коршиносон аз хориҷи кишвар, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ВАО ширкат меварзанд. Роҳпаймоӣ аз даромадгоҳи боғи устод С.Айнӣ оғоз ёфта, зимни он ба роҳгузарон дар мавзӯи  моҳияти Конвенсияи СММ «Оид ба ҳуқуқи маъюбон» варақаҳои иттилоотӣ тақсим мешаванд.

Инчунин бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намунаҳои маҳсули  дасти  маъюбон  ба  намоиш гузошта  мешаванд.

Баҳри равнақ додани бозии баскетбол бо аробачаи маъюбӣ дар Тоҷикистон мусобиқаи баскетбол байни дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Ғайрат»-и шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

 

Июнь 25, 2018 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад