Аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон 10 нафар ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

Июнь 28, 2018 09:22

ДУШАНБЕ, 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳафтаи сипаришуда дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ирсоли расми қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе 10 нафар ронандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» ёрдамчии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Муҳсинҷон Муҳаммадӣ хабар дод, пас аз қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон  нозирони роҳ аз рӯи далелҳои қоидавайронкунӣ, ки дар расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон омадааст, нисбат ба онҳо тадбир андешиданд. Дар натиҷа 10 нафар ронандагон, ки нисбат ба риояи талаботи қонунгузорӣ хунукназарӣ менамуданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуданд.

Илова бар ин, ронандагони қонуншикан барои ба таври такрорӣ содир накардани чунин кирдорашон баёнот доданд.

Ҳамчунин дар натиҷаи татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок аз 18 то 24 июни соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 2847 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбат ба ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба шаҳрвандоне, ки дар пешгирии ин гуна амалҳои зиддиҳуқуқӣ бетараф набуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ронандагон муосидат менамоянд, миннатдорӣ баён менамояд. Зеро танҳо дар ҳамбастагӣ бо шаҳрвандон мо метавонем пеши роҳи чунин зуҳуротро гирифта, барои ба яке аз пойтахтҳои намунавии кишварҳои минтақа табдил додани шаҳри Душанбе муваффақ шавем.

Июнь 28, 2018 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид