Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Душанбе барномаҳои идона баргузор мегарданд

Июнь 26, 2018 16:10

ДУШАНБЕ, 26.06.3018. АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 27 июни соли равон ба ифтихори ҷашни 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар  шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 27 июн дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла, шурӯъ аз соати  08:00 барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ дар «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»,   назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе  ва  Сирки давлатии Тоҷикистон бо иштироки  ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи  мамлакат баргузор мегарданд.

Хотиррасон мекунем, ки 27 июни соли 1997  ба таърих ҳамчун замони нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ, оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад.

 

Июнь 26, 2018 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд