Бо «Сомон Эйр» ва ФФТ- ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол!

Июнь 12, 2018 13:55

ДУШАНБЕ, 12.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамдастӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол- 2018, ки аз 14 июн то 15 июл дар шаҳрҳои Федератсияи Россия баргузор мегардад, иқдоми нав  роҳандозӣ менамояд.

Дар робита ба ин, «Сомон Эйр» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон  барои ҳаводорони футбол, ки дар бозиҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон ва Сочи азми иштирок кардан доранд, пешниҳоди махсус омода намуданд, ки фарогири  чиптаи парвоз ва чиптаи бозӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сухангӯи ширкати ҳавонавардии «Сомон Эйр» Темур Бандишоев иттилоъ дод.

Бинобар иттилои манбаъ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба ду нафар мусофир, ки аввалин шуда, ба хатсайри Душанбе — Санкт-Петербург барои рӯзи  14 июн аз хазинаи чиптафурӯшии ширкат, воқеъ дар шаҳри Душанбе, к. Мастонгулов, 40 чиптаи бизнес-класс мехаранд, ду чиптаи бозии дастаҳои Россия-Мисрро, ки 19 июн дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад, тақдим менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли дуюм аст, ки бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ барои соли 2018 моҳи феврали соли равон ба тасвиб расид.

Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ташкилотҳои гуногуни варзишии ҷумҳуриро дастгирӣ намуда, дар баргузории чорабиниҳои варзишии сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси шарики лоиҳа иштирок намудааст.

Ширкати ҳавопаймоӣ саъй менамояд, ки  дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди варзиши ватанӣ саҳми босазо гузорад.

«Сомон Эйр, ки аз моҳи сентябри соли 2017 узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА)  мебошад, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Туркия, Россия ва Қазоқистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Июнь 12, 2018 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад