Бонки миллӣ: меъёри фоизӣ ва шартҳои фишангҳои доимии сиёсати пулию қарзӣ таҷдид мегарданд

Июнь 7, 2018 08:44

ДУШАНБЕ, 07.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон баҳри таъмини сиёсати самараноки пулию қарзӣ (монетарӣ), танзими ҳадафи амалиётии худ, идоракунии сатҳи пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва меъёрҳои кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ фишангҳои амалиётии монетариро таҷдид менамояд.

Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати вусъат додани амалиёти монетарӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат, ҳавасманд ва фаъол гардонидани ташкилотҳои қарзӣ дар амалиёти монетарӣ меъёри фоизи амалиёти қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) баробар ба меъёри бозтамвил +1 банди фоизӣ (б.ф) паст карда шуд.

Инчунин бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба амалиёти қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ва музоядаҳои қарзӣ предмети гарав бо назардошти коэффитсиенти ислоҳӣ (hair-cut rate) барои коғазҳои қиматнок 1,0 ва барои асъори хориҷӣ 1,1 муқаррар карда шуд.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ташкилотҳои қарзӣ, муваққатан ҷалб намудани пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат ва танзими ҳаҷми пул фишанги доимамалкунандаи монетарӣ — амалиёти амонатии шабонарӯзӣ (овернайт)-ро аз 11 июни соли равон бо меъёри фоизии баробар ба меъёри бозтамвил тарҳи 9 б.ф. барқарор менамояд. Дар доираи механизми фишанги мазкур ташкилотҳои қарзӣ тавассути гузаронидани амалиёти амонатии шабонарӯзӣ (овернайт) метавонанд маблағҳои озоди худро дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун пасандоз ба муҳлати як шабонарӯз нигоҳ доранд

Бояд зикр намуд, ки истифодаи фишангҳои амалиётии сиёсати монетарӣ ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медиҳад, ки дар мавриди норасоии маблағ ба Бонки миллии Тоҷикистон тариқи низоми электронии «Thomson Reuters» дархост пешниҳод намуда, эҳтиёҷоти худро бо қарзҳои кӯтоҳмуҳлати наздик ба меъёри бозтамвил ва бо фоизҳои нисбат ба фоизҳои бозорӣ пасттар қонеъ гардонанд.

Июнь 7, 2018 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад