Дар ҷашни 400-солагии Россия маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва анвои таомҳои миллии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 21.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 400-солагии Россия дар шаҳри Новокузнетски вилояти Кемеровои Федератсияи Россия фестивал-озмуни «Ҳунарҳои миллии мардуми Сибир» баргузор гардид. Дар фестивал дар баробари намояндагони дигар халқу миллатҳо аъзои Ҷамъияти минтақавии тоҷикони шаҳри Новокузнетск таҳти унвони «Дӯстии миллати тоҷику рус» иштирок намуданд.
Тавре ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» мудири бахши фарҳанги ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск Дилшоди Рамазонӣ иттилоъ дод, дар фестивал-озмуни мазкур тоҷикони муқими Новокузнетск либосҳои миллӣ, китоб, ашёи рӯзгори дастисохт, ҳунарҳои мардумӣ, таому хӯришҳои миллии тоҷикиро ба тамошо гузоштанд. Ин ҳама маҳсулот инъикосгари фарҳанги ғании миллати тоҷик буда, аз таъриху тамаддуни қадимии мо дарак медод.
Зимни шиносоӣ бо таърих ва фарҳанги миллати тоҷик раиси шаҳри Новокузнетск Сергей Кузнетсов ба миллати тоҷик барои пос доштани анъана ва ҳунарҳои мардумиашон аҳсан гуфт.
Ӯ ҳамчунин барои фаъол будан дар ҳама чорабиниҳои шаҳрӣ ва муносибати дӯстона бо ҷамъиятҳои дигар халқу миллатҳои ин минтақа ба Ҷамъияти тоҷикон ва роҳбари ҷамъият Шавкат Тоҳиров бо изҳори сипос Раҳматномаи Фахрӣ–№1 ҳадя намуд.
Садбарг БОҚӢ,
мухбири АМИТ «Ховар» дар ФР








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






