Дар Бонки миллӣ ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони мақомоти салоҳиятдори мамлакат таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Роҳбари Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО Маҳмадалӣ Ватанзода иштирок намуданд.
Маҳмадалӣ Ватанзода доир ба лоиҳаи нахустини Ҳисобот оид ба натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайн, ки қисмҳои татбиқи самаранокии низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО ва мутобиқати техникӣ ба тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ)-ро фаро мегирад, сухан гуфт.
Аз ҷониби Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Файзулло Файзуллозода ва намояндагони ин Департамент маълумот оид ба камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф кардани онҳо дар доираи лоиҳаи Ҳисобот, ки барои баррасӣ ва пешниҳоди хулосаҳо ба мақомоти дахлдори кишвар ирсол гардидааст, пешниҳод гардид.
М. Ватанзода иброз дошт, ки тибқи Тартиботи гузаронидани баҳодиҳии тарафайни аз ҷониби Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) тасдиқшуда, дар ҷаласаи пленарии ояндаи Гурӯҳи мазкур натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайни низоми МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт. Вобаста ба ин, омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати баррасии ин масъала дар ҷаласаи навбатии ГАО муҳим мебошад.
Файзулло Файзуллозода иброз намуд, ки ҷараёни марҳилаи дуюми баҳодиҳии тарафайни ГАО муҳимияти махсусро дар бар мегирад, аз ин лиҳоз, аз ҷониби ҳама мақомоти давлатӣ андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва мувофиқ зарур мебошад. Зеро дар сурати пайдо гардидани мушкилот дар раванди баҳодиҳӣ кишвар метавонад ба таснифи давлатҳои дорои вазъи МҚД/МТ/МПСҚО-и номусоид шомил гардад.








Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






