Дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон пули нави мошингузар бунёд мегардад

Июнь 19, 2018 15:07

ХОРУҒ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар километри 638-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб- Қалъаихумб- Хоруғ- Мурғоб- Қулма сохтмони пули нави мошингард аз болои дарёи кӯҳии деҳаи Барсеми Ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.

Сардори Муассисаи давлатии хоҷагии роҳҳои мошингарди  вилоят Гулаёз Рамазонов дар суҳбат бо хабарнигори минтақавии «Ховар» гуфт, ки «тобистони соли 2015 бар асари ҷорӣ шудани сели азим маҷрои дарёи Ғунд баста шуда, беш аз 200 метр роҳи мошингард низ зери об монд. Ба мақсади барқарор кардани ҳаракати нақлиёт роҳсозон маҷбур шуданд, ки сангҳои  азимро тарконда, аз камари кӯҳ роҳи нав бунёд кунанд. Дар ҳамин қитъаи роҳ як дарёи кӯҳӣ низ мавҷуд аст, ки аз болояш  пули муваққатӣ сохтанд. Вале дар мавсими обхезӣ сатҳи об баланд гардида, барои ронандагон мушкили зиёд  эҷод мекард. Бинобар ин  Вазорати нақлиёт барои бунёди пули нави мошингузар  600 ҳазор сомонӣ ҷудо кард ва бунёди онро коргарони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Дорожник» ба уҳда гирифтанд».

Ҳоло дар сохтмон 80 фоизи корҳо ба анҷом расидаанд. Қарор аст, ки  дар нимаи сеюми моҳи июн пули мазкур  ба истифода дода шавад.

Бояд гуфт, ки бунёди пули мошингард аз болои дарёи Шорви Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон на танҳо рафтуомади сокинони ин ноҳияро осон мегардонад, балки ба сари вақт интиқол додани молу коло ба тамоми манотиқи кишвар низ мусоидат мекунад. Зеро ин қитъаи роҳ шомили шоҳроҳи  байналмилалии Кӯлоб- Қалъаихумб -Хоруғ -Қулма  буда, ҳамарӯза аз он садҳо мошинҳои сабукраву боркаш убур мекунанд.

 

Июнь 19, 2018 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад