Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба кори худ оғоз намуд

Июнь 1, 2018 11:22

ДУШАНБЕ, 01.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба кори худ оғоз бахшид.

Интизор меравад, ки дар оғози ҷаласа сарвазирон ва роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои ИДМ-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намоянд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар рӯзномаи ҷаласа 14 масъала, ки ба таҳким ва густариши ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисоду гуманитарӣ ва дигар самтҳо нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҷаласа тибқи анъана дар ҳайати хосса ва васеъ доир гардида,  роҳбарони ҳайатҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва ҷараёни гуфтушунид оид ба лоиҳаи Созишномаи савдои озод ва хизматрасонӣ табодули афкор хоҳанд кард.

Дар  ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар бахши гуманитарӣ Низомнома оид ба Анҷумани омӯзгорон ва кормандони маорифи давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Лоиҳаи байналмилалии ҷавонон «100 ғоя барои ИДМ» мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2018 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

 

Июнь 1, 2018 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд