Дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд

Июнь 5, 2018 08:00

ДУШАНБЕ, 05.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 4 июни соли равон дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия машваратҳои сиёсии байниидоравӣ баргузор гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷониби Тоҷикистонро cардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшоев ва ҷониби Финляндияро директори генералии Раёсати кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Россияи Вазорати корҳои хориҷии Финляндия хонум Маймо Ҳенрикссон роҳбарӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Финляндия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф, сайёҳӣ ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо оид ба роҳандозии робитаҳои байнипарлумонӣ ва байниидоравӣ, тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ, инчунин густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

 

Июнь 5, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд