Дар Душанбе доир ба ҳунарҳои мардумӣ дастури библиографӣ ба нашр расид

Июнь 26, 2018 09:19

ДУШАНБЕ, 26.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳунарҳои мардумӣ – шаҳодатномаи миллат»- чунин ном дорад дастури нави библиографие, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар матбааи «Паёми ошно» ба тозагӣ ба нашр расидааст. 

Тавре аз маркази матбуоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, китоб дар таҳияи муҳаққиқ ва омӯзгори ҷавону умедбахши соҳаи китобдорӣ Ситора Абдумуминзода ба нашр расидааст.

Ситора Абдумуминзода асари мазкурро, ки муаррифи ҳунарҳои мардумӣ мебошад, дар асоси захираҳои мақолаҳои матбуоти даврӣ ва асарҳои илмӣ ҷамъоварӣ ва таҳия намудааст.

Бояд зикр кард, ки ин дастури библиографӣ аз ду қисми асосӣ ва дастгоҳи маълумотдиҳии нашр иборат аст. Дар қисми якуми дастур доир ба ҳар як ҳунари мардумӣ, аз қабили адрас ва атласбофӣ, рағзабофӣ, қолинбофӣ, намадмолӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакан, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, муҳрабофӣ, шерозбофӣ, ҷӯроббофӣ, пойафзолдӯзӣ, читгарӣ, заргарӣ, мисгарӣ, кулолӣ, кандакорӣ ва ғайра, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рушд намудаанд, маълумоти мушаххас оварда мешавад. Ҳамчунин дар ин бахш вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшаванда барои аёнияти андешаҳо расмҳои ранга оварда шудаанд.

Қисми дуюми дастур фарогири маводи иттилоотӣ-библиографӣ буда, дар ин ҷо тасвири библиографии мақолаҳо дар матбуоти даврӣ, нашрияҳои илмӣ ва сомонаҳои интернетӣ оид ба ҳунарҳои мардумӣ нашршуда оварда шудаанд. Унвони ҳамаи мақолаҳо бо забони асл омада, нашри мақолаҳо дар дохили он бо тартиби алифбо, аввал ба забони тоҷикӣ ва сипас ба забони русӣ мураттаб гардидаанд.

 

Июнь 26, 2018 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад