Дар Душанбе дурнамои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ (International Civil Defence Organisation) Владимир Кувшинов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва дигар созмонҳои хориҷии дар Тоҷикистон ҳузурдошта мулоқот доир гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод.
«Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, як зумра масъалаҳои барои ҷонибҳо манфиатдорро муҳокима намуданд. Ҳамчунин дурнамои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ дар самти омода ва бозомӯзии мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт»,-иброз намуд Умеда Юсуфӣ.
Ёдовар мешавем, ки Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ яке аз ташкилотҳои пурнуфузи байналмилалӣ буда, маркази он дар шаҳри Женеваи Швейтсария ҷойгир аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






