Дар Душанбе Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ»- таҳти чунин унвон 8 июн дар Кохи афсарони Душанбе Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад.
Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо гузаронида шуда, дар кори он коршиносон аз соҳаҳои гуногун, олимону муҳаққиқон, ҷавонони фаъоли вазорату идораҳо ва ҳамчунин тавассути фосилавӣ коршиносон аз хориҷи кишвар ҷалб мегарданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, дар доираи Форум ҳамчунин ярмаркаи соҳавии ҷойҳои корӣ барои корҷӯён, намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи ташкилотҳои марбута, ширкатҳои сайёҳӣ ва намоиши имкониятҳои таҳсил дар муаасисаҳои таҳсилоти олии мамлакат доир мешавад.
Ҳадафи Форум- ин тақвият ва рушди малакаҳои касбии ҷавонон дар самти шуғлнокӣ ва интихоби касби муосир вобаста ба талаботи бозори меҳнат, таҳсилоти олӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, машғул гардидан ба тиҷорат бо тарз ва усули нав дар ҷаҳони муосир мебошад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






