Дар Душанбе масъалаҳои пурзӯр намудани назорати гумрукӣ ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои брокерӣ баррасӣ гардиданд

Июнь 28, 2018 16:15

ДУШАНБЕ, 28.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ассотсиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти корӣ ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба қарору қонунҳои вобаста ба фаъолияти гумрукӣ, пурзӯр намудани назорат ҳангоми барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт, ҳамкорӣ бо ширкатҳои брокерӣ ҷиҳати пурзӯр намудани назорат ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Рауфзода доир ба фаъолияти мақомоти гумрук ва Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ маърӯза кард. Ӯ, аз ҷумла, иброз дошт, ки «Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳадафи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ- ин пеш аз ҳама, мусоидат дар асоси ҳамкории созандаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароити мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад».

Ба ҳайати Шӯро намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат дохил карда шудаанд.

Зимни ҷаласаи мазкур раиси Ассотсиатсияи брокерони гумрукӣ Фирӯза Маҳмудова зикр кард, ки баҳри баланд бардоштани савияи дониши брокерон ва соҳибкорон бояд суҳбату машваратҳо гузаронида шаванд. «Баҳри муайян намудани арзиши гумрукии мол, интиқоли бештари молу маҳсулот ва омӯзиши технологияи навин барои гумрукчиёни ҷавон бояд вохӯриву суҳбат ва машваратҳои зиёд баргузор кард»,-изҳор дошт Фирӯза Маҳмудова.

Бояд гуфт, ки Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Хадамоти гумрук, Низомномаи Хадамоти гумрук, Низомнома ва регламенти кори Шӯро ба роҳ мемонад.

Дар охири ҷаласа аз ҷониби соҳибкорон як зумра таклифҳои судманд пешниҳод шуданд.

 

Июнь 28, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад