Дар Душанбе мутобиқсозии талаботи санадҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи сохтмони ИДМ баррасӣ гардид

Июнь 8, 2018 16:10

ДУШАНБЕ, 08.06.2018 //АМИТ «Ховар». Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми Ташкилоти базавӣ оид ба танзими меъёрию техникӣ дар соҳаи сохтмони Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок  намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа аз он ёдовар шуданд, ки 1 июни соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор шуд ва ҳуҷҷатҳое, ки дар ин раванд қабул гардиданд, барои боз ҳам беҳтару бештар ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни давлатҳои Иттиҳод мусоидат хоҳад кард.

Сипас самтҳои гуногуни мутобиқсозии талаботи санадҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи сохтмони ИДМ ва масъалаи   ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи иттилоотӣ-моделсозии сохтмонӣ баррасӣ гардиданд.

Масъалаҳои асосие, ки дар ҷаласа матраҳ гардиданд, фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти корҳои сохтмонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баланд бардоштани бехатарии сейсмикӣ ва рушди сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар буданд.

Дар фарҷоми ҷаласа лоиҳаи Созишнома оид ба принсипҳои умумии системаи ҳуҷҷатҳои меъёрии байнидавлатӣ баррасӣ гардида, самтҳои афзалиятноки ҳамоҳангсозии талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар сохтмони давлатҳои узви ИДМ муайян карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Раёсат дар ИДМ аз 1 январи соли 2018 аз Россия ба Тоҷикистон гузашт. Давоми як сол дар Шӯрои сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисӣ мекунанд.

Июнь 8, 2018 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд